Дар МД “Китобхонаи Миллӣ” рӯзи 4 марти соли 2025 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, дар кори он аъзоёни гурӯҳи корӣ, роҳбарони гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштриок карданд.

Ҷаласаро роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ оғоз бахшида, оид ба раванди иҷрои протоколи ҷаласаи сеюм ва нақшаи чорабиниҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед гузориш дода шуд.

Ҳамзамон, гузориш оид ба сатҳи омодагӣ ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва тақвият бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузориши мухтасари муовинони вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолӣ, муовинони раисони Кумитаи рушди маҳал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рудакию Варзоб шунида шуд.

Баъд аз гузоришҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.