4 марти соли 2025 вохӯрии раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони ВАО ва Блогерони кишвар бо мақсади таблиғу ташвиқ ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии кишвар тариқи воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангиву намоиши хӯрок ва анъанаҳои милллӣ ба намоиш гузошта шуда, ташрифи зиёди меҳмонони хориҷӣ дар назар аст, ки барои нашру муаррифӣ намудани ин иди миллии халқи тоҷик тавассути ВАО ва Блогерон барои ҷалби сайёҳон нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизонии ватанӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ пайваста навору видеороликҳо вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ намоиш дода шуда, нақши Телевизион ва радио хеле зиёд маҳсуб меёбад ва бо инобати таваҷҷуҳи зиёд доштани қишри зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ ва пахши зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Блоегрони кишвар низ барои рушди соҳа ва зиёд намудани сайёҳон заминагузор ба шумор меравад.