Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО ВА БЛОГЕРОНИ КИШВАР

4 марти соли 2025 вохӯрии раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони ВАО ва Блогерони кишвар бо мақсади таблиғу ташвиқ ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии кишвар тариқи воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ […]

Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикстону Австрия

Санаи 3 марти 2025 зимни баргузории ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистону Австрия имкониятҳои сайёҳию варзишии Тоҷикистон дар шакли рӯнамо аз ҷониби намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Чорабинии мазкур дар сиғаи “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) бо иштироки соҳибкорон ва сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи Тоҷикистону Австрия доир […]