Рӯзи 18 феврали соли 2025 дар бинои Кумита вохӯрии раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо директори Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд (ACTED) ҷаноби Ян Севере баргузор гардид.

Зимни мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Кумита вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳамкориро бо ташкиллоти ғайритиҷоратӣ – Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд (ACTED) – и Фаронса ҷиҳати рушди ҳама намудҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Инчунин дар рафти мулоқот ҷиҳати беҳтаргардонии инфрасохтор ва таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар, ки боиси ҷалбу диққати сайёҳону гардишгарон гардиаанд масъалаҳо баррасӣ гардидан.
