Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE), ки аз 11 то 14 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ бо “СИПОСНОМА” сарфароз гардонида шуд.
