МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ “PAKISTAN TRAVEL MART 2025”
Имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Pakistan Travel Mart 2025”, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарии Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони агрегатори ширкатҳои сайёҳӣ ТУР ТҶ ва […]