1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд.
Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд.
Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳонро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), rushdi.sayohi@gmail.com, тел. 2231829, 917370707, 003881616 (тариқи WhatsApp) номнавис намоянд ва аз ин хатсайрҳо ройгон истифода баранд.
Ҷамъшавии иштирокдорон соати 8:00-и 1 феврал дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, соати 8:30 ҳаракат ба макони таҷлили ҷашни Сада – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз мегардад.