«Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба самтҳои Ванҷ, Рашт ва Лахш роҳандозӣ намояд
Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор […]
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин ба Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад. Илова бар ин, барои сафар кардан ба Бритониё тариқи парвози транзитии Душанбе-Тифлис-Лондон ба нақша гирифта шудааст. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.
Хатсайрҳои сайёҳии «САЙРИ САДА» 1 феврал ройгон ташкил мешаванд
1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд. Вазорату […]