Тоҷикистон ва Умон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
26 январ дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, […]