Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:20, January 18, 2025
temperature icon 6°C
Humidity 81 %
Pressure 1019 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Тоҷикистону Эрон санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.

Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд:

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;

– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;

– Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;

– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.38
US TJS/USD10.95
EU TJS/EUR11.29
RU TJS/RUB0.11
18 Jan · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 18 Jan 2025 00:15 UTC
Latest change: 18 Jan 2025 00:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:20, January 18, 2025
temperature icon 6°C
Humidity 81 %
Pressure 1019 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph