Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Дар оғоз Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Солеҳии Амирӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед ва дигарон суханронӣ намуда, доир ба ҳамкориҳои судманди ҳарду кишвар ибрози назар карда баргузории чунин нишастро дар тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ба маврид унвон карданд.
Дар фарҷом вохӯрии ду ҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон (В2В) баргузор гардида, дар қатори дигар соҳаҳо дар самти сайёҳӣ 6 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии дуҷониб ба имзо расид.