Дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон, ки 15 январи соли равон баргузор гардид, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Солеҳии Амирӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо доир ба ҳамкориҳои судманд ва рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамзамон, ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ду ҷониб, ҷалби сармоя баҳри рушди инфрасохтори соҳа ибрози андеша намуда, баргузории чунин нишастро дар тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ба маврид унвон карданд.