Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 7 январи соли 2025 №13ш. Душанбе Дар бораи раиси Кумитаи рушди сайёҳииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Ҷумахонзода Ҷ.Ҷ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
7 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд. Зимни мулоқот тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардид. […]