13 декабри соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки раиси Кумита, ширкатҳои сайёҳӣ, васоити ахбори омма ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита маросими ифтитоҳи таҷдиди рақамии 3D-и Аҷинатеппа баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи маблағҳои лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Кафолат Машварат” бо мақсади бештар шиносоӣ пайдо намудани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъи таърихии Аҷинатеппа мебошад.
Омода намудани барномаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат ва гузаштан соҳаи сайёҳӣ ба низоми рақамикунонӣ мебошад.