Рузи 13 декабри соли 2024 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳи маросими ифтитоҳи барномаи мобилии Tourist Map Tajikistan бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита баргузор карда шуд.
Tourist Map Tajikistan – замимаи мобилии офлайн барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ пешбинӣ шуда, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи маблағҳои лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Ребус” омода гардидааст.
Tourist Map Tajikistan – тамоми маълумоти заруриро дар бораи маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Барномаи мобилии мазкур бидуни пайваст шудан ба шабакаи интернет фаъол мебошад.
Мақсади асосии барномаи мазкур ин рушди соҳаи сайёҳӣ бо маҳароти баланд мебошад то ки ҷаҳониён на танҳо зебоиву меҳмоннавозии Тоҷикистонро балки мавзеъҳои нодири кишвари азизамонро тамошо намоянд.
Омода намудани барномаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат ва гузаштан соҳаи сайёҳӣ ба низоми рақамикунонӣ мебошад.
Барномаи мобилии мазкурро хоҳишмандон метавонанд аз Google Play ва App Store ба телефонҳои мобилии худ пайваст намоянд.