13-уми декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумита бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш пас аз суханони муқаддимавии муовини якуми раиси Кумита Холматиён Рустам, аз тарафи намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Баҳрулло – сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия ва Сайфиддинзода Нуриддин – нозири калони раёсати номбурдаи Агентии мазкур оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат мекунад суханронӣ намуда, талаботи қонуну қарорҳои дар самти муқовимат бо коррупсия қабулгардидаро мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор доданд.
Масъалаҳои мазкур аз тарафи маърӯзакунандагон ба таври содабаёнӣ ва фаҳмо матраҳ гардида, гуфта шуд, ки чунин суҳбату ҳамоишҳо барои пешгирӣ ва даст назадани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми ҳамоиш байни кормандони Кумита ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.