Рӯзи 13 декабри соли 2024 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Абдураҳмон Хонзода, намояндагони васоити ахбори омма, ширкатҳои сайёҳӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат варзиданд.
Ҳамоиши идона нахуст бо садо додани Суруди милли Тоҷикистон шурӯъ гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯзаи мо, ки ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки ҳадафҳои созандааш барои рушди ватани маҳбуб ва осудаҳолии мардуми шарифи кишвар равона гардидааст, барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест ва ватандӯстиву зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқати моро ба ҳизб ва Роҳбари муаззами он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар месозад.
Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Зеро дар тули се даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд.
Имрӯз мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҲХДТ эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.
Дар идома роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон доир ба нақши ин ҳизби созанда дар таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки агар ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои миллат сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузоранд.
Дар интиҳои ҷаласа байни иштирокчиёни чорабинӣ табодули афкор сурат гирифта, ба роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон ва якчанд кормандони дастгоҳи марказии Кумита ифтихорномаҳову сипосномаҳо тақдим карда шуд.