Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишоварзии вилояти Хатлон дидан намуданд.
10 декабри соли 2024 баъд аз чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ якҷо бо аъзои гурӯҳи кории ҷумҳуривӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишоврзӣ аз ҷумла, тарзи парвариши лимон дар гармхона ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Кушониён шинос шуданд.
Бояд қайд намуд, ки вилояти Хатлон ҳамчун вилоти агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариши пахта ва лимон ба роҳ монда шуда, ҳосили ин намуди меваи суптропикӣ ба шаҳри Душанбе ва қисман ба хориҷи кишвар фиристода мешавад.