Рӯзи 10 декабри соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни гурӯҳи корӣ, роҳбарони гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштиок карданд.
Дар рафти ҷаласа баъд аз сухани ифтитоҳии Роҳбари гурӯҳи корӣ муовини Роҳбари гурӯҳи корӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод вобаста ба раванди иҷрои протоколи ҷаласаи дуюм ва Нақшаи чорабиниҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, корҳои анҷомдодашуда дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, ташкили маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузориш дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ, гузоришҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ шунида шуда, дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.