Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:40, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 39 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

05.12.2024 19.20 шаҳри Душанбе

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.

Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсурҳои меъмории милливу ҷаҳонӣ оро дода шудааст.

Дар ороиши конструксияҳои металии пули мазкур масолеҳи баландсифат истифода гардидааст, ки барои солиёни дароз хизмат намудани он мусоидат менамояд.

Бо мақсади сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ дар атрофи пули мазкур дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки зебоии ин мавзеъро дучанд менамояд. 

Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино, ки масофааш 3 км аст, бо истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаи каммасрафи барқӣ корҳои равшанинамоӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.

Махсусан шабона ҳангоми гузаштан аз болои пули мазкур манзараи зебои ҷолиб ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сокину меҳмони шаҳри Душанберо ба худ мекашад.

Дар рафти ороиши пули мошингузар, ки аз ду канори роҳ 6 қисмро ташкил медиҳад, бо истифода аз конструксияҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, ба дарозии 473 метр панҷараҳои оҳанини дорои тарҳу услуби муосир насб гардидааст.

Баландии ороишоти конструксионӣ дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад. 

Лоиҳаи шаклдиҳии пули мазкур бо назардошти бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия шуда, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби он ҳам навсозӣ  шудааст, ки барои рафту омади пиёдагардон бехатар аст. 

Дар корҳои навсозию ободонии ин пул ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 100 мутахассиси ватаниву хориҷӣ фаъолият намуданд. 

Мавриди зикри хос аст, ки тӯли 7 соли охир дар шаҳри Душанбе сохтмон ва барқарор намудани 6 пул, 2 эстакадаи се сатҳа ба анҷом расида, ба масофаи зиёда аз 160 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ шудааст. Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони боз 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз сохта ба истифода додани онҳо, ҳаракати воситаҳои нақлиёт муътадил гардида, сарборӣ кам карда мешавад. 

Зимни боздид аз корҳои анҷомёфта дар болои пули мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба завқу маҳорати бинокорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба ривоҷ дода шавад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:40, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 39 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph