Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:23, December 10, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 64 %
Pressure 1034 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 22 ноябри соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Камолиддин Муминзод, олим ва арбоби давлатии тоҷик, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ҳамоиши тантанвӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита Камолиддин Муминзод, ҳозиринро ба рӯзи прачами давлатӣ табрик намуда, иброз додшт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарӣ ва пойдории давлати мо мебошад.

Иброз гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад, ки таҷлили ин рӯзи фархунда барои баланд бардоштани ҳиси ватандустиву меҳанпарастӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу буми ватан дар замири наслҳои имрузу оянда нақши муассир дорад.

Ҳамзамон қайд намуд, ки ҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзии шаҳрванди аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад ва инчунин ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Инчунин дар доираи чорабинӣ олим ва арбоби давлатии тоҷик, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева вобаста ба муқаддасоти миллӣ парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад баромад намуда, қайд гардид, ки қабули Парчами давлатӣ дар замони бисёр душвор бо талошу кушишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.93
US TJS/USD10.89
EU TJS/EUR11.52
RU TJS/RUB0.11
10 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Dec 2024 04:30 UTC
Latest change: 10 Dec 2024 04:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:23, December 10, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 64 %
Pressure 1034 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph