Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:14, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 75 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 13 ноябри соли 2024 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши минтақавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат” бо иштироки раиси Кумита Камолиддин Муминзод ва раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин, намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид..

Дар чорабинии тантанавӣ, Раиси Кумита Камолиддин Муминзод вобаста ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати тоҷикон баъди беш аз ҳазор сол пойдор ва якпорчагии он таъмин ва барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон муяссар гардид, баромад намуд.

Иброз гардид, ки 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ масъулияти кишварро ба ӯҳда гирифтанд, ки дар ин муддат миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.

Қайд карда шуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ арзёби гардида, дар пайравӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба рушди сайёҳии кишвар, мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоссаро касб намуда, маҳз дар натиҷаи хизматҳои шоёни Ҷаноби олӣ, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муаррифӣ гардида, шумораи сайёҳони хориҷӣ рӯз то рӯз меафзояд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин аз ҷониби Директори Маркази илмӣ – таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифзода, Сардори шӯъбаи сайёҳии вилояти Суғд Раҳимов Абдумаҷид, Директори ширкати сайёҳии ҶДММ “Расул Тур” Фаридун Ҳамроев ва Иштирокчии Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова оид ба хизматҳои шоён ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ асарҳои Пешвои миллат ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара аз ҷониби ҳунармандони шаҳр, аз ҷумла зардузӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ ва дигар армуғонҳои сайёҳӣ, ки боиси диққати сайёҳон мегардад ба намоиш гузошта шуд.

Баъд аз чорабинӣ ҷиҳати шиносоӣ ва боздид намудан аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара, ки бо меваҳои хушк ва ҳунармандони чирадасти худ маъруфияти хоса дорад хатсайри саёҳӣ ташкил гардида, иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ин шҳари бостонӣ дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки шаҳри Исфара ҳамчун шаҳри агросаноатӣ маҳсуб ёфта, имрӯзҳо меваҳои хушки ин шаҳр, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табиӣ маҳсуб меёбад, аз ҷмла зардолу ба хориҷи каишвар содирот карда мешавад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:14, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 75 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph