Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:00, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 75 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардидааст. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд сохта шудааст.

Дар Марказ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, дар ин ҷо ба омӯзиши касбҳои гуногун  фаро гирифта шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё кардааст.

Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар мегардад. Махсусан коллеҷу муассисаҳои таълимие, ки ба омӯзиши касбҳои гуногун нигаронида шудааст, муҷаҳҳаз ва пойгоҳи техникиашон қавӣ карда мешавад.

Шароити муҳайёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 240 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ ва хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Марказ фаро гирифта шаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 30 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.

Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамояд. Ҳамчунин бино бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои таъсиси ҳамин гуна марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин интихобу ҷобаҷогузории омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:00, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 75 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph