Бо камоли шодмониву ифтихормандӣ ва эҳтироми бепоён Шуморо ба муносибати 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.
Ин ҳуҷҷати сарнавишсоз бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳмади миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷвикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос барои давлати мутамаддини мо қабул гардид, ки дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ саҳмгузор буда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Бигузор Конститутсия ҳамеша қудбнамо ва чароғи роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!
Бо камоли эҳтиром, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод