Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:02, December 24, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1026 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид

Зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт Форуми иқтисодӣ ва саноатию сармоягузории Тоҷикистону Кувайт ва Намоиши маҳсулоти саноатӣ ва имконоту зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд намояндагони сохторҳои марбутаи ду кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандон иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Кувайт суханронӣ намуда, ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро дар бахшҳои гуногун назаррас арзёбӣ намуд ва таъкид дошт, ки бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни ду давлат дар ин самт муҳим дониста мешавад.

Вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ ва зарфиятҳои сайёҳӣ ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мукаммали кор дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам гардида, заминаи мусоид барои сармоягузорию соҳибкорӣ таъмин шудааст.

Зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон барои саёҳатҳои экологӣ, аграрӣ, табобатию солимгардонӣ, гастрономӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангию таърихӣ, сайёҳии варзишӣ, саноатию тиҷоратӣ ва ғайра мувофиқ буда, дар ин самтҳо ташкил кардани хатсайрҳо ба мақсад мувофиқ арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 200 ширкати сайёҳӣ дар зиёда аз 50 хатсайр фаъолият дошта, гардишгарон ҷиҳати боздид аз тамоми гӯшаву канори дунё ба кишвари мо сафар менамоянд. Намояндагони бахши иқтисодии Давлати Кувайт, аз ҷумла масъулони самти сайёҳӣ ҳавасмандии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳӣ аз ду ҷониб-аз Кувайт ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Кувайт бо ҷалби дӯстдорони сайру саёҳат иброз намуданд. Дар ин асно, миёни сармоягузорону соҳибкорон табодули афкор дар самтҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус соҳаи сайёҳӣ сурат гирифт.

Сипас доираи васеи иштирокдорони форум аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар намоишгоҳ анвои зиёди маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имкониятҳои сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуд.

Иштирокдорон ба табиати зебо ва сабзпӯши Тоҷикистон, расму оин ва таърихи бою пурғановати мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик мароқ зоҳир намуданд.

Меваҳои шаҳдбори тару тоза, хушкмеваҳо ва асали табиӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол гардида, аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатии инсон фоидабахш аст, писанди ҳар як бинанда гардид. Ба ҳунари рассомии рассомони тоҷик баҳои баланд дода шуд.

Маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили ҳунарҳои гулдӯзию зардузӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, абрешим ва маҳсулоти абрешимӣ, қолинбофӣ, маснуоти ороишии аз сангҳои табиӣ омодашуда, заргарию кулолгарӣ ва армуғону дигар тӯҳфаҳо аз маҳорат ва завқи баланди ҳунармандии тоҷикон дарак медиҳад. Дар намоишгоҳи мазкур ҳунармандон ҳам фаъолона ширкат варзида, дар растаҳои зиёд беҳтарин маҳсулоту маснуоти ҳунармандиро, ки барои миллати тоҷик аз қадим мерос мондаанд, муаррифӣ намуданд.

Дар ин замина, номгӯи зиёди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба намояндагони давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, хоса антратсит, тилло, оби тилло, оби нуқра, литиюм, платиниум, мис, сурма, алюминий, мармар ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда ба маъраз гузошта шуданд.

Металҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои гуногуни Давлати Кувайтро ба худ ҷалб карданд. Обҳои ташнашикан, маҳсулоти консервагӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ зиннатбахши гӯшаи дигари намоишгоҳ буд.

Ҳадаф аз ба маъраз гузошта шудани маҳсулоти саноатӣ ин тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар самти сайёҳии саноатӣ мебошад.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва барномаи давлатӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад, ки ин ду санад дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор гузошта истодааст.

Табиати зебои Тоҷикистон, дарёву кӯлҳо ва чашмаҳои шифобахш, боғу гулгашт ва дигар имконияту зарфиятҳои сайёҳӣ ҳамчунин тавассути монитор, китобу буклет ва дигар воситаҳои тарғиботӣ бо чанд забон муаррифӣ гардид.

Ташкил намудани чунин намоишгоҳ бо фарогирии имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ ва зарфиятҳои сайёҳӣ дар рушди ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар дар самти иқтисод ва тиҷорат замина мегузорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
24 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 24 Dec 2024 12:20 UTC
Latest change: 24 Dec 2024 12:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:02, December 24, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1026 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph