Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд. Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар – шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд. […]