30 октябри соли 2024 дар бинои Ҳукумати вилояти Свердловск раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мӯҳтарам Камолиддин Муминзод ва муовини губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҷаноби Дмитрий Ионин доир ба рушди сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Урали Миёна мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ инчунин аз ҷониби ҳайати кишвар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мӯҳтарам Маликшо Неъматзода, мудири бахши ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ- Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиз Солеҳзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург муҳтарам Зафар Сайидзода ва аз ҷониби Свердловск муовини вазири робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии Свердловск ҷаноби Олег Александрин, директори департаменти меҳнат ва шуғли аҳолии Свердловск ҷаноби Дмитрий Антонов ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати мехмондории Свердловск хонум Елена Васильевна иштирок намуданд.
Зимни мулоқоти корӣ ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар самти мубодилаи иттиллоот, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар иброз доштанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳия ва баимзорасонии «Харитаи роҳ» барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба мувофиқа расиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.