26 октябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода карор дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2023 оғоз гардида, сокинони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ дар муддати як сол онро бо сифати баланд бунёд намуданд.
Бинои Муассисаи томактабии №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Ин иншооти таълими томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо мебошад, ки ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи мазкур 6 мураббия ва 6 корманди техникӣ дар маҷмуъ 12 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Пешвои миллат зимни суҳбат бо масъулин ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар ин муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин муассисаи томактабӣ низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.
Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар карда мешавад.