Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:30, December 24, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзолбарорӣ оғоз бахшиданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд. 

Дар ин корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли  2 намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд.

Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кудаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд. 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик бо ворид ва насби таҷҳизоти ҳозиразамон номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли пояфзолро афзоиш дода, 20 нафари дигарро бо кор таъмин менамоянд.

Бо омодашавии коргоҳи навбатӣ дар марҳилаи дуюм дар маҷмуъ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол наздик ба 515 ҳазор ҷуфт ва шумораи коргарон ба 45 нафар расонда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» 1 сол қабл (26 октябри соли 2023) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Лозим ба зикр аст, ки дар кишвар барои дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ шароити мусоиди корию хизматрасонӣ  мавҷуд аст ва онҳо бо истифода аз ин имконот саҳми худро дар рушди самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мегузоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона дидан карданд.

Аз рӯйи маълумот дар марҳилаи аввал ва дуюми корхона зиёда аз 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. 

Пойафзолҳои корхонаи мазкур бо сифати баландаш аллакай дар бозори дохилӣ харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ба масъулини соҳа дастур доданд, ки шумораи чунин корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли ин ва дигар намуди пойафзол афзун карда шавад, то ки оянда бозори дохилиро бо ин маҳсулот худамон таъмин карда тавонем.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.69
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
23 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Dec 2024 13:30 UTC
Latest change: 23 Dec 2024 13:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:30, December 24, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph