Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии раиси Кумита бо Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон

24 октябри соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти Раиси Кумита Камолиддин Муминзод бо ҳайати олмонӣ, ки бо роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон Норберт Фибиг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд баргузор гардид. Дар оғоз роҳбарияти Кумита оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ба роҳ мондани […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии «БРИКС+» ва «БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок ва суханронӣ намуданд

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ […]