Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:20, December 24, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

941 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистонро тамошо намуданд

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра шумораи шарвандони хориҷӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 миллиону 118,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки аз давлатҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафар буда, 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳ аст.

Ба иттилои Агентии омори мамлакат, аксар шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, аз Узбекистон буда, шумораи онҳо беш аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз Федератсияи Русия беш аз 329,0 ҳазор нафар, аз Қазоқистон- 28,9 ҳазор нафар, Қирғизистон- 4,4 ҳазор нафар, Туркманистон- 4,1 ҳазор нафар, Ҷумҳурии Мардумии Чин- 21,6 ҳазор нафар, Афғонистон- 10,4 ҳазор нафар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- 9,2 ҳазор нафар, Эрон- 6,8 ҳазор нафар, Туркия- 6,1 ҳазор нафар, Олмон- 5,2 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Бангладеш – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея — 2,2 ҳазор нафар, Фаронса, Ҷопон, Италия, Покистон ва Полша- 2,1 ҳазор нафарӣ, Австралия- 1,9 ҳазор нафар ва аз Канада 1,8 ҳазор нафар омадаанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.

Таваҷҷуҳ ва афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нишони он аст, ки соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳоли рушд қарор дорад.

Сарчашма:“АМИТ” Ховар

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
24 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 24 Dec 2024 12:20 UTC
Latest change: 24 Dec 2024 12:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:20, December 24, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph