Дар форуми TRAVEL HUB «Иттиҳод – 2024» намояндагони бахшҳои дахлдор, парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва коршиносони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд кард. Форуми мазкур бори чаҳорум баргузор гардида, бори аввал аст, ки дар формати беруни (яъне дар шаҳри Душанбе) доир мегардад. TRAVEL HUB “Иттиҳод – 2024” ба як платформаи калидии ҳамкории байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии ИДМ табдил ёфтааст.
Инчунин дар форуми мазкур иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода, Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – Дмитрий Кобитский, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи қонунгузории палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, раиси комиссияи доимии АБД ИДМ оид ба масъалаҳои фарҳанг, ахборот, сайёҳӣ ва варзиш – Эркин Захидов, ноиби президенти Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Россия, ноиби Иттиҳодияи саноати сайёҳии Россия – Алексей Мусакин, муовини директори генерали оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва сайёҳии осоишгоҳи куҳии “Роза Хутор” – Сергей Хворостяный, президенти ширкати ҳавопаймоии “UTair” – Олег Семенов ва дигарон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи асосии баргузор намудани форуми мазкур афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.
Чорабинии мазкур ду рӯзро дар бар гирифта дар рӯзи аввал 19 октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаи комиссияи АБП ИДМ, мастер – классҳо барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, G2G вохӯриҳо ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ (B2B) байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.
Дар рӯзи дуюми чорабинӣ 20 октябри соли 2024 ҳайатҳои иштирокдорони форуми мазкур дар ҷашни миллии Меҳргон, ки дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Дар рафти ҷашни Меҳргон аз ҷониби шарики лоиҳаи TRAVEL HUB “Иттиҳод” – Федератсияи ҷаҳонии тарабхонаҳои варзишӣ WFRS (WORLD FEDERATION OF THE RESTAURANT SPORT) барои ҳайатҳои иштирокдорони форум ва меҳмонони ҷашни миллии Меҳргон омода намудани рекорди қаннодӣ (омода намудани торт) ба нақша гирифта шудааст.
Идеяи лоиҳаи TRAVEL HUB “Иттиҳод” ҳамчун платформаи муттаҳидсозии намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ соли 2019 дар иҷлосияи 23-юми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Қасри Таврид – қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид, пайдо шуд.
Бахши котибот, матбуот ва маркетинги Кумитаи рушди сайёҳӣ