Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 15 ошёнаро ба истифода доданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд. Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна мавриди истифода қарор доданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд. Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд. Иншоот аз се қисмат иборат буда, […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим мулоқот намуданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Пешвои миллат аз талошҳои сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, дар самти ободу зебо гардонидани диёри худ изҳори сипос намуда, ба ғайрату садоқати онҳо баҳои баланд […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуданд

13 октябр дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ифтитоҳ карданд. Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияро дар ноҳияи Ишкошим ифтитоҳ намуданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он шароити корӣ барои […]