Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:36, July 19, 2025
33°C
25 %
1001 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:15
Sunset: 19:46
Hourly Forecast
23:00
temperature icon
29°/32°°C 0 mm 0% 4 mph 23% 1000 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
25°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1001 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1002 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
31°/31°°C 0 mm 0% 2 mph 14% 1002 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
38°/38°°C 0 mm 0% 6 mph 10% 1000 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 12 mph 9% 997 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 9 mph 9% 996 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
33°/33°°C 0 mm 0% 4 mph 14% 998 mb 0 mm/h

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид

14  октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони вилоят чун расми истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ  бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз сарвару раҳнамои хеш сурат гирифт. Аҳли фарҳанг ва сокинони сипосгузори вилоят бо самимияти хоса меҳмони олимақомро бо суруру шодӣ ва базми зебои бадахшӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 то 14 октябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рушону Ишкошим, Роштқалъа ва  шаҳри Хоруғ  қарор доштанд.

Дар ҷараёни сафари созандаи пурмаҳсул Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва аз тарафи мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят  бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи давлат сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғоз бахшиданд.

Дар доираи ин боздид ва дар ҳошияи он наздики 100 иншоот ифтитоҳ ёфта, ба бунёди даҳҳои дигар асос гузошта шуд. Танҳо дар соҳаи маориф 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 8 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин боздиди  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва дидору суҳбати наздик бо мардуми соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои вилоят,  шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи баландкӯҳи кишвари азизамон буд.

Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо ҷашни 33-солагии Исқтиқлоли давлатӣ Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба вусъати корҳои созандагӣ барои омодагии шоиста ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон ҳидоят намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.92
US TJS/USD9.6
EU TJS/EUR11.18
RU TJS/RUB0.12
19 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 19 Jul 2025 00:10 UTC
Latest change: 19 Jul 2025 00:10 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:36, July 19, 2025
33°C
25 %
1001 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:15
Sunset: 19:46
Hourly Forecast
23:00
temperature icon
29°/32°°C 0 mm 0% 4 mph 23% 1000 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
25°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1001 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1002 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
31°/31°°C 0 mm 0% 2 mph 14% 1002 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
38°/38°°C 0 mm 0% 6 mph 10% 1000 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 12 mph 9% 997 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 9 mph 9% 996 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
33°/33°°C 0 mm 0% 4 mph 14% 998 mb 0 mm/h