Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:55, December 24, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 65 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 октябр зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар  бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашуйӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Иқдоми мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ –“Cаноатикунонии босуръати кишвар” амалӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ нахуст корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Насим”-и шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бунёд гардид, дар он истеҳсол ва бандубасти 12 намуд шириниҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи корхона коркарди 25 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз тути хушк бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк коркард ва омода карда мешавад. Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегардад.

Маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, бо бандубасти зебо натанҳо ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод мегардад, балки ба  хориҷи кишвар  низ содир карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ “Авитсена”-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 160 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 5 тонна мева ва гиёҳҳои шифобахшро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 66 навъи дору истеҳсол карда мешавад ва қисмати зиёди он аз гиёҳҳои шифобахш омода мегардад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахш дар шаҳри Хоруғ 18 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки 12 нафари онҳо занон мебошанд.

Зимни баистифодадиҳии Парки технологии шаҳри Хоруғ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи корхонаи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ муаррифӣ гардид. Сохтмони корхона моҳи марти соли 2024 оғоз шуда, масоҳати умумии он 2 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки технологияи корхона аз давлатҳои Олмон ва Австрия ворид мегардад.

Баробари ба фаъолият оғоз намудани ин корхона 50 нафар бо кор таъмин мешаванд. Ашёи хом барои маҳсулоти гӯштӣ гӯшти қутос аст, ки аз ноҳияи Мурғоб ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят харидорӣ мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз оғози фаъолият, маҳсулоти тайёри корхона ба содирот низ равона мегардад. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин мавзеъ коргоҳи олами хушкашӯиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи олами хушкашӯйии “Тозагӣ гарави саломатӣ” нахустин иншооти хизматрасонии технологӣ барои шустани қолин, курпа, парда ва либос дар шаҳри Хоруғ мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои хизматрасонӣ дар коргоҳ 6 намуди технология аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуд. Дар коргоҳи мазкур 8 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар Парки технологии шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебели нарми ҶДММ “Хонаобод”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти  корхона шинос шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба итмом расид.

Корхона аз ду сех иборат аст, ки дар онҳо 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи истеҳсоли мебели нарм аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст, ки бо истифода аз онҳо 10 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи  ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то ки ин навъи маҳсулот дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир карда шавад. 

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ Корхонаи коркарди меваи тари ҶДММ “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Гулаҳмадшо Шоҳсафедов дар масоҳати 52 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ҷумлаи иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур коркарди меваҳои шаҳдбори кишвар ба монанди шафтолу, ангур, себ, анор, зардолу, нок ва хуч роҳандозӣ гардида, шарбатҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд.

Корхона бо 6 намуд дастгоҳи муосири шарбатбарорӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар 9 моҳи соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42 коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
24 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 24 Dec 2024 12:20 UTC
Latest change: 24 Dec 2024 12:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:55, December 24, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 65 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph