Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз доштанд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2023 ва дар шаш моҳи соли 2024 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст. Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон […]
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони вилоят чун расми истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо шукуҳу шаҳомат […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд. Президенти […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои воқеан таърихӣ – 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор доранд. Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ
Ҳамватанони азиз! Мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде пеш ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Тайи чанд рӯзе, ки мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорем, натиҷаву маҳсули заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони онро хуб мушоҳида намудем. Бинобар […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукуҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба ятимони кул туҳфаҳо тақдим намуданд
Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази хизматрасонии навбунёди “Шоми Хоруғ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимони кул суҳбат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
13 октябр зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ» оғоз бахшиданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷ”-ро ба истифода доданд. Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то 2 тонна шир коркард ва 11 номгӯйи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, ёгурт ва кефир истеҳсол карда мешавад. Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо […]