Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 октябр Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити бинои навбунёд шинос шуда, ба масъулин барои фаъолияти босамар, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафу нақшаҳои созандаи ҳизб, ки ба ободониву шукуфоии бештари Тоҷикистон равона […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди истифода қарор доданд

13 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Биноҳои […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ воқеъ дар деҳаи Дашт сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маврид ба ёдоварист, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияи Роштқалъа баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии сарзамини аҷдодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузарро ба истифода дода, бо лоиҳаҳои бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон шинос шуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд. Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав, ки аз 2 ошёна иборат аст дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои кормандон шароити […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд

12 октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар маркази ноҳия нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯшон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос карданд. Президенти кишвар рушду пешрафти ноҳияро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки ба шарофати истиқлоли […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд.  Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу […]