Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, муовини якум ва муовини раиси Кумита, роҳбарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.