Рӯзи 4 октябри соли 2024 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумита, намоянда аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси Кумита Холматиён Рустам ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Аз ҷониби намояндаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзӯи “Забон ҳастии миллат” баромад пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён ва намояндаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.