Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоиди баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё изҳори сипос карданд. Сарвари […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ»

Волоҳазрат, муҳтарам Раиси иҷлосия, Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Қабл аз ҳама мехоҳам ба Волоҳазрат Амир, Ҳукумат ва мардуми Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё арзи сипос намоям. Ташаббуси баргузории ин Нишаст таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ”, бо дарназардошти аҳамияти он […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ, ки миёни  Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои мухталиф мавҷуд аст, бояд ба […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Қатар баррасӣ гардид. Ба ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз […]