Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:34, December 22, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 86 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 15 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

Сарвари давлат баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки неругоҳи “Роғун” барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо “Роғун”-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем.

Ба таъкиди Президенти кишвар ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар назди коргарону мутахассисони неругоҳ вазифа гузоштанд, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ тезонида шуда, иншоот бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуд.

Бунёди неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудааст, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад ва қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси пайдо шудани монеъа дар кори дигар самтҳо мегардад.

Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва пудратчиҳо ширкатҳои “Трактебел”, “Вибилд”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, “Тунел Садди Ориёно” ва “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”, таъмин намудани сифати онҳо ва ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ дар назди Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидорҳои “Неругоҳи барқи обии Роғун”, Вазорати молия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба коргарони неругоҳ барои расидан ба рӯзҳои боз ҳам беҳтару босаодат саломатӣ ва барори кор орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  “Неругоҳи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода, Намояндаи Ширкати “Вибилд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фабио Гуэрино, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Иқбол Сафаров, Директори Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмон дар Неругоҳи обии Роғун ба Сарвари давлат гузориш доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:34, December 22, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 86 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 15 mph