Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзон боздид намуданд
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Умеда» 41 гектарро ташкил дода, дар 6 гектари он саҳмдорон боғи себи навъҳои содиротӣ бунёд намудаанд. Ҳосили […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд. Сарвари давлат баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Президенти кишвар таъкид […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо хуб дарк мекунед, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд. Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом […]