Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:39, December 25, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 60 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзеи шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе

27 сентябри соли равон дар даври ҷамъбастии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни мавзеи зебоманзари Шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, хусусан блогерони сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин меҳмонхона, “Беҳтарин тарабхона”, “Беҳтарин роҳбалад” ва “Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ” озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуда буд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур ғолибони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо диплом, сипоснома ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, аз ҷониби раиси Кумита Камолиддин Муминзод чанд нафар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ бо сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ сарояндагони шинохтаи кишвар ҳунарнамоӣ намуда, бо суруду таронаҳои дилнишини худ хотири ҳозирин ва иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки аз 25 то 27 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази Экспои Душанбе нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор гардид, ки дар расми ифтитоҳи он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони бародаршаҳрҳо ва аъзои ташкилоту созмонҳое, ки ба онҳо шаҳри Душанбе шомил аст, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, сохторҳои шаҳрӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, истеҳсоли армуғонӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ ва фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуда, хизматрасонӣ, молу маҳсулот ва имкониятҳои сайёҳии худро барои дӯстдорон ва ҳаводорони сайру саёҳат ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Россия дар ғурфаҳои алоҳидаи хеш намунаҳои гуногуни ҳунармандии худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ифодагарӣ фарҳангу анъанаҳои онҳост. Маврид ба тазаккур аст, ки дар намоишгоҳ беш аз 90 ширкати ватанӣ хизматрасониҳои гуногуни хешро пешкаши иштирокдорон намуда, бо ин роҳ иқтидори сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.

Дар ҳошияи Намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ баргузор карда шуд. Иштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ суханронӣ ва табодули андеша намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои намояндагони ширкатҳои сайёҳиву роҳбаладон ва ҳайати хизматрасонҳо дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо машғулиятҳо (мастер классҳо) доир карда шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ба ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим гардиданд.

Дар доираи DITE-2024 инчунин дар шакли B2B (соҳибкор бо соҳибкор) вохӯриҳо баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳои иштирокдор мусоидат менамоянд.

Барои иштирокдорони DITE-2024 cайри шомгоҳӣ ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва боздид аз «Маҷмааи Истиқлол» ташкил карда шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
25 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 25 Dec 2024 04:05 UTC
Latest change: 25 Dec 2024 04:05 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:39, December 25, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 60 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph