Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзеи шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе

27 сентябри соли равон дар даври ҷамъбастии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни мавзеи зебоманзари Шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки бо […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз Неругоҳи обии “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд. Корҳо дар деворҳои […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд. Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби […]