Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:28, October 14, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 24 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон 338 субъекти хизматрасон ва 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд

Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи якчанд вазорату кумитаҳо гузошта шуда буд. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 адад, ба шаҳри Душанбе 101 адад, вилояти Суғд- 46, вилояти Хатлон- 17  ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд.

Дар мамлакат 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ давоми панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Инчунин боҷи гумрукӣ барои мошинҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешаванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Дар ин замина воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 нисбат ба соли 2010   840 ҳазор ва ё 6,3 маротиба зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2024  ба Тоҷикистон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19,1 фоиз зиёд мебошад.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.

Шумораи умумии санадҳои ҳамкории бо давлатҳои хориҷӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар, Италия ва Созмони ҳамкории Шанхай) баимзорасида 20 ададро  ташкил медиҳад.

Дар қатори 10 давлати ҷолибтарин барои тамошои сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, ба 10 роҳи зеботарини дунё ворид намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ ворид шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид дохил шудани ҷумҳурӣ далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаро идома дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, инчунин бунёди инфрасохтори таҳсилӣ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойи кори холӣ нигаронида шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат бо роҳи ташкили касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба чунин ҳадафҳои созанда бо меҳнати софдилона, азми қавӣ ва муттаҳидии мардум шарафёб гардидан мумкин аст.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.93
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.66
RU TJS/RUB0.11
14 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Oct 2024 04:20 UTC
Latest change: 14 Oct 2024 04:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:28, October 14, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 24 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph