Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:39, December 30, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат кулли сокинони ноҳияи Рашт ва иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору фаъолияти созандаву ободгарона дорад”.

Президенти кишвар бо эътимоди комил иброз намуданд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаи мардум Ватани азизи мо, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони бонангу номуси ноҳияро дар рушду пешрафти ин гушаи диёр назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду таҷдиди 307 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 131 иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Зарур шумурда шуд, ки корҳо дар иншооти боқимонда вусъат бахшида шуда, ба истифода додани онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин гардад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои давлат ёдовар шуда, зикр намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 1,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 6 лоиҳа идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 123 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳоло яке аз лоиҳаҳои калонтарин барои ноҳияҳои водии Рашт – бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки шоҳроҳи байналмилалӣ буда, бунёди он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки 79 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби бахши хусусӣ иҷрои лоиҳаҳои боқимондаи барномаро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз қабили энергетика, кишоварзӣ, маориф ва  тандурустӣ андешаронӣ намуданд.

Роҳбарияти ноҳия якҷо бо Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо бахши хусусӣ вусъат бахшида, ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба вазъи бисёр ноороми ҷаҳони муосир, хусусан, тағйирёбии босуръати иқлим ва паёмадҳои ногувори он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ таъкид гардид, ки бояд ҳар як оила дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ бошад.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор намуданд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома медиҳанд.

Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Устодони санъат ва ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи фарҳангии тараннумгари дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро пешкаши меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии тантанавӣ карданд, ки бисёр дилнишину хотирмон буд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.78
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.42
RU TJS/RUB0.11
30 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 30 Dec 2024 13:20 UTC
Latest change: 30 Dec 2024 13:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:39, December 30, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph