Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:38, November 22, 2024
temperature icon 17°C
Humidity 51 %
Pressure 1020 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд

12 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд.

Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бо шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад.

Аз рӯи лоиҳа ба Роҳбари давлат доир ба инфрасохтори иншооти бунёдгардида маълумот доданд. Зикр гардид, ки  дар маҳаллаи навбунёд тамоми василаҳо ва имкониятҳои зарурӣ барои таъмини шароити будубош ва ҳаёти иҷтимоии сокинон  дар назар дошта шудааст. Ҳама хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи як лоиҳа дар масоҳати 500-метри мураббаъ бо 3-ҳуҷра, ҳамом, ошхона, ҷиҳози рӯзгор ва техникаи маишӣ сохтаву муҷаҳҳаз шуда, ба сокинон тақдим хоҳанд шуд. Ин хонаҳо ба шабакаҳои роҳ, оби нушокӣ, барқ ва гармидиҳӣ низ пайваст хоҳанд шуд. Саҳни ҳавлиҳо ва кӯчаҳои маҳалла бо гулу гулбутта, дарахтони ороишӣ, сабза ва чароғҳои зебо зинат дода мешавад.  

Маҳалла ҳамчунин дорои муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ бапои 670 хонанда дар 2 баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти  савдову фароғат ва дигар зербинои зарурӣ хоҳад буд.

Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои беҳтарсозии некуаҳволии сокинон ва бо шуғли муносиб таъмин намудани онҳо ба ҳар як хонавода 8-тогӣ қуттии занбури асал ҳадя кардан дар нақша аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ барои боз ҳам босифат анҷом додани корҳои боқимонда ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба иттилои масъулин, бунёди ин маҳаллаи хуштарҳи замонавӣ, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз идома дорад, то моҳи декабри соли равон ба итмом хоҳад расид.
Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарикони рушд аз Амороти Муттаҳидаи Араб изҳор доштанд, ки дар ин маҳаллаи навбудёд ҳамчунин сохтмони як муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак низ маблағгузорӣ  хоҳанд кард.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:38, November 22, 2024
temperature icon 17°C
Humidity 51 %
Pressure 1020 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph