Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Биноҳои нави истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ бунёд шуда, бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъмин мебошанд.
Пешвои миллат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхак сӯҳбати самимӣ анҷом дода, дар вазъияти тантанавӣ ба 22 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд.
Мардум бо муҳаббат ва арзи эҳтиром ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд, зеро онҳо дар як муддати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳази истиқоматӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади бунёди 22 хонаи истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхаки деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати шоҳроҳи мошингарди байналмиллалии Нуробод – Рашт 2 гектар қитъаи замин ҷудо гардида буд, то дар ин маҳалла манзилҳои истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шавад.
Корҳои сохтмонӣ 15 июли соли равон оғоз гардида буд. Биноҳои истикоматӣ дорои 4 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошанд.
Бунёди роҳҳои мошингард ва пиёдагард ба масофаи 900 метр, хатти барқ, об ва дигар инфрасохтори маҳаллаи навбунёдро коргарони сохторҳои дар маҳалбудаи Вазорати нақлиёт ва дигар идораҳои соҳавӣ дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд анҷом доданд.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмониро ба зарадидагон дастрас намуд, то манзилҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда бунёд карда шаванд. Хонаҳои истиқоматӣ асосан аз хишти пухта ва дигар масолеҳи хушсифат бунёд шудааст, то шароити зисти зарадидагон аз пештара ҳам беҳтару хубтар гардад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхак дар қатори коргарони вобасташуда афсарону сарбозони қисми низомии дар ноҳияи Рашт қарордоштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардиданд, то корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, осебдидагон соҳиби манзилҳои нав шаванд.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии зарардидаи ноҳияи Нуробод аз рӯзҳои аввал зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор шуда буданд, то хонаҳои зисти шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд.
Оилаҳои соҳиби манзилҳои истиқоматии навшуда, шукронаи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва кумаку ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доранд, ки барои онҳо дар як муддати кӯтоҳ тамоми шароити зиндагиро фароҳам овардаанд.