Дар доираи сиёсати созандаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Ин навбат низ дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту худогоҳ гулгашт, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи муосири варзишӣ дар ноҳияи Сангвор сохта ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии иншооти мазкур роҳбарону масъулини ниҳодҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташаббускорону саҳмгузорон барои анҷом додани амали хайр изҳори сипос карданд.
Ҳамзамон, аз таваҷҷуҳ ва дастгириву ғамхориҳои доимии давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози кишвар андешаронӣ намуданд.