Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд. Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод
Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳар як сокини сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Тоҷикобод ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – самимона табрик мегӯям. Шумо хуб мушоҳида мекунед, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод сол […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот намуданд
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дастгирии пайваста ва […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қасри фарҳанг ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Ба Сарвари давлат […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд
12 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд. Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд. Дар ибтидои вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми мо рӯзи воқеан таърихиву тақдирсоз ва […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон […]
резиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуданд
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод шинос шуданд. Масофаи умумии роҳ 76 километрро дар бар гирифта, ҳоло 3500 коргару мутахассис бо истифода аз 400 техникаву механизмҳо барои ба анҷом расонидани сохтмон фаъолият доранд. Сохтмони […]
ИФТИТОҲИ ГУЛГАШТ, ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ВА МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ САНГВОР
Дар доираи сиёсати созандаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд. Ин навбат низ дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту худогоҳ гулгашт, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи муосири […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ ҳамаи сокинони заҳматқарини ноҳияи Нурободро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки мардуми […]